Rahnamoi Omuzgor

  • Январь 2009
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1234
    567891011
    12131415161718
    19202122232425
    262728293031  
  • Архивы

Муаллим

Posted by rahnamoiomuzgor на 20 января, 2009

Муаллим гар набуди, ин кадар илм аз кучо мешуд?

Ба алфозу ба маъни толибон чун ошно мешуд?

Агар устод дар таълими шогирдон намекушид,

Чи гуна аз губори чахл ин дилхо сафо мешуд?

Хавоси чумла ашё дар чахон мемонд пушида,

Чи чора буд, агар шахсе ба дарде мубтало мешуд?

Зи файзи илм бошад интизоми хар чиро бини,

Бидуни илм кори халк кай бо муддао мешуд?

Муаллим гар чароги илму ирфонро намеафрухт,

Чи сон махлуки олам вокиф аз зоти Худо мешуд?

Чаро, ай арчманди ман, накушиди ба дарси худ,

Кунун хар шакли муглак пеши афкори ту во мешуд?

Ту аз шони муаллим бехабар монди, хазор афсус,

Барои дидаат хоки кудумаш тутиё мешуд.

Агар илму камоле, Ашкари медошти аз худ,

Ба хар чо нохуни саъйи ту хам укдакушо мешуд. 

 

Оставьте комментарий